Panjakent.suzani1

ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ СОҲИБИ УНВОНИ «ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ БАРОИ СӮЗАНИДУЗӢ» ГАРДИД

24.10.2025

Шаҳри Панҷакент расман аз ҷониби World Crafts Council (WCC) ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф шудааст. Дар ин робита Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Қарор оид ба додани ин унвони фахрӣ 21 октябри соои 2025 қабул гардида, қадами муҳим дар ҳифз ва пешбурди мероси бойи фарҳангии кишвар ба шумор меравад.

Ин мақом маҳорати беназири ҳунармандони тоҷик ва суннатҳои чандҳазорсолаи дӯзандагии сӯзониро, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент нигаҳдорӣ ва рушд ёфтааст, таъкид менамояд.

World Crafts Council як созмони байналмилалӣ, вобаста ба UNESCO, мебошад, ки фаъолияташ ба густариши рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандон ва васеъсозии ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни ҳунарҳои анъанавӣ нигаронида шудааст. 

Тавре ки дар ВКХ-и Тоҷикистон омадааст, ба Панҷакент додани унвони «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ» ба тақвияти имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, густариши пайвандҳои фарҳангӣ ва рушди имкониятҳои сайёҳии минтақа мусоидат менамояд.

Пештар чунин унвонҳо ба шаҳрҳое мисли Фес (Марокаш), Джайпур (Ҳиндустон) ва Чолпон‑Ота (Қирғизистон) дода шуда буданд, ки дар ин шаҳрҳо ҳам ҳунарҳои нодири дастӣ ҳифз гардидаан.